Хабарҳо
Пешгирии ҷинояткорӣ - кори ҳамагонӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ
- Асоси раванди пешравиҳои ҷомеа аз молия ва иқтисод вобаста аст. Ягон ҷабҳа ва сохторро бе фаъолияти молиявию иқтисодӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, шумо насли хушбахтед, ки ин ҷодаро интихоб намудед. Акнун шуморо мебояд, ки дар самти мақсади асосии донишҷӯ, ки омӯхтани илму дониш мебошад, фаъол бошед, дар бораи ҳуқуқҳои хеш огоҳии пурра пайдо намоед. Аз ҷиҳати рафтор ва одобу ахлоқ намуна буда, бо ҳамсолони хеш доир ба пешгирии зуҳуроти номатлуб маълумот диҳед, - иброз дошт сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб зимни мулоқоти озоду самимӣ бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Ин мулоқот рӯзи 12-уми март дар донишгоҳ доир гардида, дар он, инчунин сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло, нозирони минтақавӣ ва дигар масъулини кор бо ноболиғону ҷавонон ширкат варзиданд.
Мансур Бухоризода ҳангоми баромад дар бораи раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии кирдорҳои номатлуб, истифодаи самараноки вақт, телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бетараф набудан ба ҳаёти ҳамсолони худ изҳори андеша намуд.
Тибқи иттилои ин масъули кор бо ноболиғону ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ, соли 2021 дар байни ноболиғон 763 ҷиноят ва миёни ҷавонон 4947 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ин ин хеле ташвишовар мебошад.
Дар идома М. Бухоризода бори дигар диққати ҳозиринро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб намуда, ба суолҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дод.
Дар охир сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода аз ҳамкориҳо сухан ронда, зикр кард, ки рисолати ҳар як фарди имрӯзи Тоҷикистон аст, ки дар пешбурди ҷомеа, суботу якпорчагӣ ва амнияти ҷумҳурӣ бештар масъулиятшинос бошад.
Наврӯз Ҷобиров