Хабарҳо
Роҳҳои пешгириии маблағгузориҳои мизоҷони шубҳанок
11-уми феврал тибқи ҷадвали баргузории лексияҳо барои устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, кафедраи фаъолияти бонкӣ бо ҷалби сардори хадамоти мувофиқаи ТАҚ «Ҳумо» М. Раҷабов машғулият гузаронид. Номбурда дар мавзӯи мубрами соҳаи бонкӣ «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бонк» маърӯза намуд.
Маърӯзачӣ М. Раҷабов иброз дошт, ки дар замони имрӯза мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Бонкҳои тиҷоратӣ низ вазифадоранд дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд ва маблағгузорӣ ба ин самтро пешгирӣ намоянд.
Дар ҳамин замина, бонкҳои тиҷоратии кишвар дар назди Шӯрои нозирони худ хадамоти комплеанс ташкил менамоянд, ки вазифаи ин хадамот аз назорат ва пешгирии ин намуди маблағгузориҳо мебошад. Инчунин, М. Раҷабов дар бораи вазифаҳои дар назди хадамоти комплеанс гузошташуда, роҳҳои пешгирӣ аз чунин маблағгузориҳо, муайян намудани мизоҷони шубҳанок ва дигар паҳлуҳои ин масъала суханронӣ намуд.
Дар лексия, ҳамчунин профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Б. Шарипов низ баромад намуда, аз ҷиҳати назариявӣ моҳияту мазмуни ин мавзуъро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин дарс устодони кафедраҳои марбути факултети молия ва қарз ва донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси молия, кори бонкӣ, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, бозори фондӣ ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ иштирок намуда, ба маърӯзачӣ саволҳо дода, ҷавобҳои лозима гирифтанд.
Тағоймурод Эшзода