Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таъйиноти нав

Таъйиноти нав

Рӯзи 12 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии раёсат баргузор гардид, ки дар он муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ ва чанд нафари дигар, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи сохторҳо таъйин шуданд, муаррифӣ гардид. 
Ҳамин тавр, бо фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Қаҳҳорзода аз 10.03.2022 таҳти №46 Ҷурахонзода Баҳодурҷон Ҷурахон аз 10 марти соли 2022 ба вазифаи муовини аввал, муовини ректори ДДМИТ оид ба таълим таъйин гардид. 
Ҷурахонзода Баҳодур худ хатмкардаи ДДМИТ буда, онро соли 2001 (Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ) бо дипломи аълочӣ ба итмом расонидааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар донишгоҳ аз ассистент шуруъ карда, то ба вазифаи декани факултети ҳисобдорӣ ва омор расидааст ва аз соли 2018 дар ҳамин вазифа буд. 

tn401.jpg

Ҳамзамон Ғафуров Ғиёсиддин, н.и.и., дотсент, ки то ин замон вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкиро бар дӯш дошт, бо фармоиши ректори ДДМИТ ба вазифаи декани факултети ҳисобдорӣ ва омор таъйин карда шуд. 
Ба вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ бошад, Таҳмина Муслихова, н.и.и., дотсент таъйин гардид. 
Ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳ. зимни муаррифӣ ба шахсони навтаъйиншуда муроҷиат намуда, иброз дошт, ки дар фаъолияти минбаъда бояд масъулияти баланд ҳис намуда, барои беҳтаршавии сатҳу сифати таълим ва омоданамоии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ кӯшиш ва бо дилу дасти пок ба кор шуруъ намоянд.