Хабарҳо
Суҳбати озод бо донишҷӯён
Тайи чанд рӯз аст, ки ректори тозаинтихоб Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим бо мақсади аз наздик шинос шудану огаҳӣ ёфтан аз вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён, фаъолияти таълимӣ, давомот ва иштироки онҳо ба дарсҳо бо донишҷӯёни гурӯҳҳои академии факултетҳои донишгоҳ суҳбат доир менамояд. Муҳтавои мавзуи суҳбатро асосан, риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла, тартибу интизом, омодагӣ ба дарсҳо, мутолиаи китобу рӯзнома, ширкат дар озмуну маҳфилҳои зеҳнӣ, пӯшидани либосҳои тавсияшуда, самаранок истифода бурдани вақт, муносибати дуруст ва эҳтироми устодону ҳамсабақон, ҳамчунин, аҳамият додан ба саломатӣ ва вазъи психологии худ, дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ нигоҳ доштани дарсхонаю толорҳои таълимӣ, асбобу анҷоми хониш ва ҷойи зист дар хобгоҳ фаро мегирифт. Илова бар ин, дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бархӯрдорӣ аз нозукиҳои техника ва технологияҳои таълимии замони муосир ва ҳушёрию зиракии сиёсиро, ки аз таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки дар таълимгоҳ тамоми шароитҳо муҳайёст ва аз он ба таври васеъ истифода бурда, бо гирифтани донишҳои замонавӣ метавон ҷаҳонбинии илмиро васеъ кард. Чунин тарзи муносибат ва амал барои мутахассиси хубу муосир ва рақобатпазир будан дар бозори меҳнат имконият медиҳад.
Ниҳоят, баъд аз саволу ҷавоб ректор Ҳакимбек Абдуалимзода ба масъулини самти таълиму тарбия ва садорати факултетҳо супориш дод, ки моҳе як маротиба дар факултетҳо рӯзи қабули донишҷӯёнро аз ҷониби роҳбарият ташкил намоянд, то ки онҳо барои ҳалли мушкилоташон имконият пайдо кунанд.
Саъдулло Носиров