Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Бонувони андоз» ғолибони озмун

«Бонувони андоз» ғолибони озмун

Санаи 14 марти соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнес озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ баргузор гардид. 
Иштирокчиён ба се даста тақсим шуда, байни ҳам сабқат карданд. Чун дастаҳои «Ҷавонони саодатманд», «Бонувони андоз» ва «Дунё пур аз ҷавонӣ», ки аз донишҷӯёни фаъол ва донандаи хуби Кодекси андоз иборат буданд. Озмуни мазкурро ҳайати ҳакамон - сардори раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» Х.Ҷумабоев, декани факултети иқтисод ва бизнес Б.Сатторов ва муовини декан оид ба илми факултет Ф.Шодиев назорат ва баҳогузорӣ намуданд. 
Ба иштирокчиён саволҳо аз Кодекси андози амалкунанда дода шуд. 
Дар ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи аввалро дастаи «Бонувони андоз», ҷойи дуюмро дастаи «Дунё пур аз ҷавонист» ва ҷойи сеюмро дастаи «Ҷавонони саодатманд» ишғол намуданд. Онҳо донишу малакаи баланди касбӣ нишон дода, ба саволҳо ҷавобҳои пурра ва қонеъкунанда доданд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар охир аз тарафи ҳакамон дастаҳо бо дипломҳои дараҷаи I, II, III ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мақсади баргузории озмун ҳавасмандгардонии донишҷӯён барои азхуд намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2022 дар таҳрири нав мавриди истифода қарор дода шудааст ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳу сифати дониши толибилмон ва омодагӣ ба даври дуюми озмуни мазкур ва боло бурдани маданияти андозсупории шаҳрвандон мебошад. 
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати андозсупории сокинони кишвар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа»–ро роҳандозӣ намуда буд, ки аз рӯйи ду номинатсия «Андоз аз нигоҳи наврасон» ва «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд ва дар он донишҷӯёни мо ғолиб баромаданд.

 
Тағоймурод Эшзода