Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Машғулияти мутахассисони гумрук

Машғулияти мутахассисони гумрук

Бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси ҷамъбастӣ (обзорӣ) бо ҷалби мутахассисони соҳаи гумрук баргузор гардид. Онро муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмадҷонов, муовини сардори маъмурияти системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук Дилшод Соҳибов ва сарнозири раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук Абдуқодир Собирзода бо донишҷӯёни ихтисосҳои хадамоти гумрук ва таъмини иқтисодии фаъолияти гумрук гузаронид. Бояд тазаккур дод, ки дар дарси обзорӣ мутахассисон аз таҷрибаи барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ мисолҳо оварда, тамоми ҷанбаҳои ин амалиётҳоро фаҳмониданд. Дар лексияи обзорӣ алоқамандии амалия бо назария нишон дода шуд. Дар ҷараёни дарс байни донишҷӯён ва мутахассисон саволу ҷавоб доир гардид, ки ин барои тақвияти дониши толибилмон мусоидаткунанда буд. 
Бояд қайд кард, ки имрӯз мақомоти гумрук ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат, пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва дигар маводҳои хатарнок, барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва пеш бурдани омори гумрукиро ба уҳда дорад. 
Мақсади баргузории лексияҳои обзорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ин баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён-мутахассисони оянда ва хубтару беҳтар шинос намудани онҳо бо амалияи ихтисос мебошад. 


Зафар Ҳалимхонов, муовини декан оид ба илми факултети МИБ