Хабарҳо
Лексияи кушоди мутахассисони Вазорати молияи ҶТ
Бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи молия санаи 12-уми феврали соли равон тибқи ҷадвали баргузории лексияҳои кушод барои устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар толори донишгоҳ бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни факултети молия ва қарз бо ҷалби мутахассисон Носирҷон Ахмедов, Бобохон Бобоев, Фотима Додихудоева ва Оламафрӯзи Қодириён аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истифодаи фишангҳои асосии молиявӣ дар раванди идоракунии зиддибуҳронӣ дар шароити номувозинатии иқтисодиёти кишвар» лексия хонда шуд.
Сараввал декани факултет А. Нурализода баромад намуда, рӯзмарра ва муҳим будани мавзуи баррасишавандаро таъкид намуд. Мавсуф зикр кард, ки ҳамасола буҷети давлатии кишвар дар ҳолати касрӣ қабул карда мешавад, барои шаффофият ва бартараф намудани номувозинатии буҷети давлатӣ ва рушди иқтисодиёт ҷалби воситаҳои дохилӣ ва молиявии беруна зарур аст. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар дар ин замина чораҳои зиддибуҳронӣ андешида, онро амалӣ мегардонад, ки ин равандро мутахассисони Вазорати молия бо мисолҳои мушаххас таҳлил ва ташреҳ медиҳанд.
Дар идома Ахмедов Носирҷон, сармутахассиси Раёсати ҷамъбастии банақшагирии буҷети давлатии Вазорати молия дар мавзуи болозикр лексия хонд. Ӯ қайд намуд, ки идоракунии зиддибуҳронӣ ба ислоҳоти пайдарпаю мунтазам эҳтиёҷ дорад. Инчунин таъкид гардид, ки воситаҳои сиёсати буҷетии давлат механизмҳои иқтисодие мебошанд, ки бо ёрии онҳо ҳадафҳои сиёсати буҷетӣ амалӣ мегарданд.
Намояндаи дигари Вазорати молия Бобохон Бобоев бошад, мавзӯи баррасишавандаро аз ҷиҳати амалӣ шарҳ дода афзуд, ки фишанги сиёсати молиявии давлатӣ, ба монанди андоз ва хароҷоти давлатӣ бо ҳам алоқамандии зич доранд. Маблағҳои дар шакли андоз гирифташуда аввал ба буҷети давлатӣ ворид шуда, сипас барои мақсадҳои гуногуни давлат сарф мешаванд. Таъсири воситаҳои сиёсати фискалӣ ба талаботи умумӣ гуногун аст, яъне тағйирёбии онҳо ба талабот ва андозҳо таъсири гуногун доранд.
Дар охири дарс Х.Давлатов, Ҷ.Зубайдов, М.Пирова ва дигарон баромад карда, муҳиммияти мавзуи баррасишавандаро бори дигар ёдрас шуданд.
Тағоймурод Эшзода