Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Сайри сухан» - кошифи истеъдодҳо

«Сайри сухан» - кошифи истеъдодҳо

Санаи 15-уми марти соли равон дар донишгоҳ маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ-тарбиявии «Сайри сухан» баргузор гардид. Роҳбари маҳфил Ҷумъа Махшул дар мавзуи «Таҳлили шеърҳои Муъмин Қаноат» баромад карда, дар бораи ашъори гаронарзиши шоири шаҳир Муъмин Қаноат андешаҳояшро хеле муассир баён дошт. Мавсуф аз давраи ҳамкориҳояш бо ин шоир ёдовар шуда, порчае чанд аз достону ашъори рангини ӯ қироат намуд. 
Баъдан шеъру мақолаҳои навқаламон дар васфи Модар ва Наврӯзи Аҷам қироат гардида, таҳлил ва баҳогузорӣ карда шуд. 
Аз тарафи аъзоёни фаъоли маҳфил Таманно Нурбекова дар васфи модар ва Наврӯз, Маҳбуба Бобоева дар васфи модар, Қобилҷон Ҳомидов дар бораи баҳор, Хайрандеш Сироҷзода ва Ҳумайнӣ Носиров дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯзи Аҷам аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат гардид. Фирдавс Раҳимзода бошад, ба озмуни «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ» лоиҳаи пешниҳоднамудашро муаррифӣ кард. 
Мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ Мадислом Раҳмонов баромад карда, ба маҳсули эҷодиёти аъзоёни маҳфил баҳои баланд дода, қайд намуд, ки ин донишҷӯёни эҷодкор иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буда, дар ҳама ҷода номи донишгоҳро боло мебардоранд ва бо доштани чунин донишҷӯёни фаъоли нуктасанҷу нуктадон ва эҷодкор омӯзгорон фахр мекунад. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар охир музокира ва ҷамъбасти маҳфил сурат гирифт, ки иштирокчиён хеле фаъол буданд. Маҳфили «Сайри сухан» барои дӯстдорони шеъру адаб ва забони адабии тоҷикӣ басо ҷолибу буда, он барои интихоб ва тарбияи ҷавонони боистеъдоду соҳибқалам мусоидат мекунад. 


Тағоймурод Эшзода