Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи ҳуқуқ ба истироҳат

Шарҳи ҳуқуқ ба истироҳат

Яке аз ҳақҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба истироҳат ва фароғат мебошад, ки онро Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. 
Бо ҳамин маънӣ, дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ дарси кушоди омӯзгори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Субҳоналӣ Мирзоев зери унвони «Рӯзи истироҳат» баргузор гардид. 
Устод зимни баргузории машғулият изҳор намуд, ки лаҳзаи истироҳатӣ вақте мебошад, ки корманд давоми он тибқи қонун, аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ гардонидани манфиатҳои худ ва барқарор намудани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад. 
Баромадкунанда ҳар намуди вақтҳои истироҳат ва аҳамияти муҳим доштани онҳоро дар муносибатҳои меҳнатӣ бо мақсади барқарор намудани қобилияти меҳнатии кормандон ба донишҷӯён ва иштирокчиёни дарси кушод шарҳу эзоҳ дод. 
Дар хотима С. Мирзоев қайд намуд, ки мақсади асосии дарс ва мавзӯи баррасишаванда, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва дигар шахсоне, ки субъекти муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, мебошад. 
Иштирокчиён ба устод саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. 


Тағоймурод Эшзода