Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Моҳияти иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ

Моҳияти иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ

Санаи 16 март дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ дар мавзӯи «Моҳияти иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» лексияи кушоди донишгоҳӣ доир гардид. 
Сараввал Қ. Муқимов, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ мубрам ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ будани чунин машғулиятҳоро қайд намуд. Сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод иброз дошт, ки иқтисодиёти ҷаҳон аз як системаи мураккаби ягона иборат буда, тақрибан зиёда аз 200 давлати ҷаҳонро дар бар мегирад. Ин давлатҳо ҳам аз лиҳози илмию технологӣ, ҳам истеҳсолию экологию иҷтимоӣ, ҳатто сиёсию фарҳангӣ аз ҳамдигар вобаста мебошанд. 
Мусаллам аст, ки имрӯз ягон давлати ҷаҳон дар алоҳидагӣ системаи хоҷагидориашро пеш бурда наметавонад. Дар замони муосир бе донистани назарияҳо, тамоюлҳо, таҷрибаи хоҷагидорӣ, дигар муносибатҳои хоҷагидории мамлакатҳои рушдёфта, ширкатҳои трансмиллӣ, бонкҳои трансмиллӣ, иттиҳодияҳои интегратсионӣ таъмин намудани пешравӣ на танҳо дар хоҷагии ҷаҳон, балки дар хоҷагии алоҳида имконнопазир мебошад. 
Дар хотимаи лексия устодон ва донишҷӯён дар доираи мавзӯи матраҳшуда фикру андешаҳои худро иброз намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои дақиқ гирифтанд. 


Тағоймурод Эшзода