Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии аудити бахши давлатӣ дар лексия

Баррасии аудити бахши давлатӣ дар лексия

Санаи 16 марти соли равон бо ҷалби мутахассиси соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит директори ҶДММ “Тоҷик аудит сервис” Ҳалимов П. ва бо иштироки устодони факултети ҳисобдорӣ ва омор, аз ҷумла омӯзгорони кафедраи аудит ва ревизия дар мавзӯи “Аудити бахши давлатӣ: мушкилот ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои курсҳои 4-уми факултет дарси кушод гузаронида шуд. 
Ҳалимов П. дар дарс паҳлуҳои гуногуни аудити бахши давлатиро мавриди муҳокима қарор дод. Хусусан қайд карда шуд, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти асосии аудити давлатӣ, ки барои дурнамои рушди минбаъдаи он монеа мебошад, дар сатҳи лозимӣ риоя нагардидани меъёрҳои касбӣ аз ҷониби мутахассисон маҳсуб меёбад. Дурнамои рушди аудити давлатиро бошад, Ҳалимов П. аз коркард ва истифодаи методологияи мукаммали миллии аудити давлатӣ, ки метавонад дар ҳама шароит барои ташкил ва гузаронидани аудити баландсифат мусоидат намояд, вобаста медонад. 
Дар қисмати ҷамъбастии дарс донишҷӯён ба мутахассис оид ба мавзуи матраҳшуда саволҳои зиёде пешниҳод намуданд ва ба онҳо посухҳои қаноатбахш дода шуд. 
Дар маҷмӯъ, дарси кушод дар сатҳи баланди ташкилӣ-методӣ гузаронида шуда, мазмун ва моҳияти аудити бахши давлатӣ, мушкилот ва дурнамои рушди он аз тариқи истифодаи маълумотҳои асосноккардашудаи илмӣ ва мисолҳои мушаххаси амалӣ ба донишҷӯён расонида шуд.