Хабарҳо
Чор унсури ҳувияти миллии тоҷикон
Бахшида ба таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ 16 марти соли 2022 маҳфили умумидонишгоҳии кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо номи “Чароғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфуллоҳи Муллоҷон иштирок ва дар мавзуи «Унсурҳои ҳувияти тоҷикон” маърузаи пурмуҳтаво намуд. Профессор дар баромади худ моҳияти ҳувияти миллиро шарҳ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки:
- Ҳувият ин посухи огоҳонаи фард ба чанд суоли муҳим аст. Ҳувият шинохтест, ки мардум аз худ доранд ва ба василаи он худро аз дигарон ҷудо мекунанд. Баъзе аз ин унсурҳо аз байн рафтанд, баъзе ранг бохтанд ва ё барҷаста шуданд. Ҳувияти миллӣ характери миллӣ аст. 3 ё 4 унсури ҳувияти миллии тоҷикон ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд: таърихи бостонӣ, таърихи асрҳои миёна, замони ҳамзистӣ бо Россия (1870-1917), Иттиҳоди Шӯравӣ (1917-1991) ва ин ба фарҳанги бостонӣ, фарҳанги исломӣ ва фарҳанги аврупоӣ тақсим мешавад.
Зикр гардид, ки пояе, ки бояд мо бисозем, пояи чорум - давлати Тоҷикистони мустақил ба ҳисоб меравад ва ин фарҳанг ба чор поя бояд устувор шавад.
Махсусан устод Сайфуллоҳи Муллоҷон ба донишҷӯён таъкидҳо намуда, ба онҳо роҳҳои ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро нишон дод. Танҳо ифтихор ва дӯст доштани Ватану сарзамин ва муҳаббат ба ин марзу бум моро метавонад ба ҳувияти миллӣ бирасонад, гуфт ӯ.
Дар анҷом устодони донишгоҳ Ғуломҷон Мирзоев, Ҷумъа Махшулов ва роҳбари маҳфили “Чароғи маърифат” Асадулло Муллоҷонов ба музокира баромада, оид ба роҳҳои тақвияти ҳувияти миллӣ ибрози ақида намуданд.
Тағоймурод Эшзода