Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ

Ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ

Бо ибтикори факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ санаи 17-уми март ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои роҳбарияти ДДМИТ баҳри баланд бардоштани завқи китобхонии донишҷӯён, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» донишҷӯёни курси якуми факултет дастаҷамъона бо шароит ва имкониятҳои китобхонаи илмии донишгоҳ шинос шуданд. 
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар иброз доштанд: «Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд». 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Раёсати донишгоҳ низ бо назардошти ин таъкид, аз донишҷӯён барои дар оянда ноил шудан дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тозаро интизоранд. Зеро онҳо ворисони мероси бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгони некномамон мебошанд. 


Тағоймурод Эшзода