Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши омори давлатӣ дар иқтисодиёти миллӣ

Нақши омори давлатӣ дар иқтисодиёти миллӣ

Бо ҷалби сармутахассиси шуъбаи нарх ва нархгузории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Манонова дар мавзуи “Нақши омори давлатӣ дар иқтисодиёти миллӣ” барои устодон ва донишҷӯён лексия гузаронида шуд. 
Дар рафти он Т. Манонова ба омӯзгорони кафедраи омори донишгоҳ ва донишҷӯён доир ба паҳлуҳои мубрами ин масъала сухан ронда, оид ба дастовардҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мисолҳои мушаххас овард. Дар баробари ин, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа тавсияҳои судманд пешниҳод намуд. Сипас, баҳри амалисозии иқдомҳои банақшагирифтаи Агентии омор ҷиҳати дар оянда беҳтар намудани фаъолияти соҳа, мутобиқ гардонидани назарияи илми омор бо амалия, ҳамзамон, ҳамкориҳои бештари Агентии омор бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ибрози назар намуд. 
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён дар бораи нақши омори давлатӣ дар иқтисодиёти миллӣ ва дастовардҳою камбудиҳо, нақшаву дурнамои оянда суолҳо пешниҳод ва ҷавобҳои мушаххас дода шуданд. 


Тағоймурод Эшзода