Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Базми наврӯзӣ бозгӯи эҳёи суннатҳои миллӣ

Базми наврӯзӣ бозгӯи эҳёи суннатҳои миллӣ

Рӯзи 19-уми март дар донишгоҳ иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон, кормандони донишгоҳ ва меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. 
Дар базми наврӯзӣ донишҷӯён бо ороиши дастархони идонаи «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус, аз ҷумла дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён, намоиш ва азбарнамоии либосҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Донишҷӯдухтарон бо қироати шеър дар васфи наврӯзӣ бо чанд забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, узбекӣ ва бадахшонӣ роҳбарияти донишгоҳ ва иштирокчиёнро табрик карданд, ки басо ҷолиб буд. 
Дар баробари ин, намоиши либосҳои арӯсии манотиқи гуногуни Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шуд, ки аз фарҳанги ғании миллии мо далолат медиҳанд. 
Ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим бо ҳамроҳии муовинон, сардорони раёсатҳо ва деканҳои факултетҳо аз намоишгоҳ дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар саҳни донишгоҳ варзишгарон ба намудҳои гуногуни варзишӣ, ба мисли гӯштингирӣ, бандкашӣ, вазнбардорӣ, шоҳмотбозӣ машғул буданд, ки ин ҳам як рукни наврӯзӣ аст. 
Баъдан, базми наврӯзӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ ботантана идома ёфт. Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз ҳамагонитарин ҷашни мардумист, ки бо рӯҳи зиндагисоз ва ваҳдатофари хеш ҳаёти башариятро саодатманд месозад. Наврӯз, нахуст аз ҳама, ҷашни бедории инсон, бедории рӯҳу ҷон аст, рӯзи ба ёд овардани гузашта ва рӯзи нигоҳ ба имрӯз ва андеша аз оянда аст. Наврӯз ҷашни даъват ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва эҷодкорист. Эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯз аз иқдомоти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин муаррифии халқи тоҷик ва анъанаву одатҳои мо дар арсаи байналмилалӣ аст. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Ҳакимбек Абдуалимзода дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бошукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аҳли нишастро барои арҷгузории суннатҳои волои наврӯзӣ даъват намуд. 
- Мо, аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ низ ҳарчи бештар бояд суннатҳои миллии онро эҳё намуда, дар дастгирии ятимон ва кумак намудан ба ниёзмандон пешсаф бошем, - гуфт ректор. 
Дар қисмати бадеӣ Арӯси сол ва Бобои деҳқон ба саҳна омада, ҳамагонро табрик гуфтанд ва Бобои деҳқон рамзан ба замин донаи умеду баракат кишт ва аз шавқи баҳору Наврӯз дили ҷавонон ба шӯр омада, бо ҳам шеърхонӣ карданд. 
Сурудҳои дилнавози лирикӣ ва ҷаззоби роҳбари бахши фарҳанги донишгоҳ Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар, сурудҳои гурӯҳӣ, ҳаҷвӣ ва рақсҳои мавзуни донишҷӯдухтарон ва саҳначаҳои ҳаҷвии омоданамудаи ансабли “Ҷавонӣ” ба базми наврӯзӣ шаҳомати дигар ва ба дилҳо фараҳу шодӣ овард. Ин ҷо баромади ҳаҷвнигоронро махсус қайд намудан бамаврид аст, ки саҳначаҳои ҳаҷвии аз ҳаёти ҷавонон омодашударо бо маҳорати хоси актёрӣ иҷро намуда, дили бинандагонро ба ваҷд оварданд. 
Ҳамин тавр, базми наврӯзии донишгоҳ бозгӯи эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангдӯстии иштирокдорони он буд. 


Машҳура Абдуллоева