Хабарҳо
Наврӯз – пайки эҳёи табиат
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Якояки Шуморо дар ин айёми шукофони баҳорӣ ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, бахту саодат, осудагии рӯзгор ва дар фаъолияти корӣ ва хонишатон бурдбориҳо таманно дорам.
Инак, ба сарзамини файзрезу файзборамон Наврӯзи хуҷастапай қадам ранҷа намуд. Бо фарорасии баҳори нозанин ва ин иди зебои сол табиат қабои сабз ба бар намуда, ба дили мардуми олам шодиву сурур меафзояд. Марди деҳқон аз пайи кишту кор гардида, ба замин донаи умед мепошад.
Воқеан, Наврӯз аз ҷашнҳои пурифтихору бузургтарини мардуми мо аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстию муттаҳидӣ, созандагию ободкорӣ, инсондӯстию хайрхоҳӣ мардумро сарҷамъ менамояд.
Бо ташаббуси башардӯстонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому мартабаи баланд пайдо намуд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ барҳақ иброз намуда буданд: «Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад».
Барҳақ, Наврӯз аз қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо маҳсуб ёфта, он аз фарорасии фасли зебои сол - баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ паём мерасонад. Моҳияти инсонӣ ва ваҳдатгароии Наврӯз омили аслии мондагорӣ ва ҷаҳонишавии ин ҷашни хуҷаста буда, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ҷавҳари он аст. Наврӯз аҳамияти умумибашарӣ дорад ва мақоми байналмилалӣ гирифтани ин ҷашн имкон фароҳам овард, ки мардуми сайёра аз моҳият ва фалсафаи эҳёгарию созандагӣ ва башардӯстонаи Наврӯз бештар огаҳӣ пайдо кунанд. Феълан, Наврӯз метавонад ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунад, ки барои шароити имрӯза басо муҳим ва зарурист.
Наврӯз, нахуст аз ҳама, ҷашни бедории инсон, бедории рӯҳу ҷон аст, рӯзи ба ёд овардани гузашта ва рӯзи нигоҳ ба имрӯз ва андеша аз оянда аст. Наврӯз ҷашни даъват ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва эҷодкорист.
Бо таманниёти нек ва орзуи амалишавии мақсадҳои созандаи устодону донишҷӯёни ДДМИТ ва дар симои онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ин иди ниёгон таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву хонаободӣ ва хуррамию хушрӯзӣ орзумандем.
Умед дорем, ки Наврӯзи оламафрӯз ба мардуми кишвари мо дар иҷрои нақшаи созандагию ободкорӣ рӯҳу тавони тоза мебахшад.
Бигзор, ин баҳор ва ин Наврӯз оғози корҳои неку созанда бошад ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон нишоту шодмонӣ ва саодату фаровонӣ ато намояд.
Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз муборак!