Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши калидии иттилоот дар соҳа

Нақши калидии иттилоот дар соҳа

Санаи 26-уми марти соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт зермаҳфили «Зеҳн» дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ ва ҷанбаҳои амалӣ» доир гардид. 
Декани факултет София Темурбекова дар бораи муҳимияти мавзуъ изҳори андеша намуда, афзуд, ки имрӯз иттилоот дар тамоми соҳаҳо нақши калидӣ пайдо карда, ҳамчун воситаи муҳими таъсиргузории сиёсӣ барои давлатҳо нақши сарнавиштсоз дорад ва ҳифз карда тавонистани иттилоот дониши махсуси касбиро талаб менамояд. 
Сипас, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Силмон Мавлоназаров баромад намуда, изҳор дошт, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мубориза бурдан бар зидди ҷангҳои иттилоотӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлатҳо гаштааст. Ҷангҳои иттилоотӣ хусусияти куллан фарқкунанда аз дигар ҷангҳо дошта, бо мафкурасозию ифротикунонии инсоният асос ёфтаанд. Ҷангҳои иттилоотӣ тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои интернетӣ сурат мегиранд. Нақши калидиро дар мафкурасозии инсоният шабакаҳои интернетӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ мебозанд. Гурӯҳҳои ба истилоҳ мухолифин дар дохил ва берун аз кишвар роҳи асосии татбиқи ҳадафҳои худро дар фаъол кардани фаъолияти худ дар шабакаҳои интернетӣ мебинанд. 
Дар охир дар бораи оқилона ва самаранок истифода бурдани шабаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ карда шуд. 


Тағоймурод Эшзода