Хабарҳо
Баррасии моҳият ва самаранокии кафолати қарзҳо
28-уми марти соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз мизи мудаввар дар мавзуи «Мафҳум, моҳият ва самаранокии кафолати қарзҳо» баргузор гардид, ки дар он Меҳриддин Ватанов, муовини сардори департаменти амалиётии ҶДММ «Ҳамкорӣ барои дастгирии қарзҳо» иштирок намуд. Номбурда ҳангоми маърӯза қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати қарзҳо ё дар шакли дигар суғуртаи қарзҳо як масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад.
Ба таъкиди Меҳриддин Ватанов пешниҳоди ин намуди хизматрасонӣ бо мақсади дастгирии ҳарчи бештари дастрасии соҳибкорон ба маблағгузорӣ буда, як қатор монеаҳоро дар ин самт бартараф намуда, боиси беҳтаршавии сифати сандуқи қарзӣ, баландбардории донишу малакаи кормандони соҳаи бонкӣ ва ба ин васила мусоидат ба рушди иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад. Бартарафсозии норасоии гарави устувор – функсияи асосии кафолати қарзӣ ба шумор рафта, ҷойивазкунандаи гарав ба ҳисоб меравад. Барои ташкилоти қарзӣ бошад, ин тақсимоти хавфу хатари қарзӣ бо фонди кафолатӣ аст. Барои осон ва камхарҷ намудани раванди қарзгирии соҳибкорони хурду миёна мусоидат менамояд.
Дар охири мизи мудаввар устодону донишҷӯён баромад намуда, дар бораи мавзуи баррасишаванда ақидаҳои хешро иброз намуданд.
Тағоймурод Эшзода