Хабарҳо
Савдои хориҷӣ омили рушди иқтисодиёт
Дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои нави иқтисодӣ савдои хориҷӣ яке аз омилҳои рушди муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, амалӣ гаштани муносибатҳои бозорӣ ва ривоҷ ёфтани равандҳои ҷаҳонгароӣ тавассути мубодилаи савдои хориҷӣ сурат мегирад. Ин тарзи мубодила таърихи чандинасраро фаро гирифта, аз амалиёти хурди тиҷоратӣ то ба амалиёти бузурги тиҷоратӣ омада расида, дунёро дар низоми ҷаҳонишавии иқтисодӣ муттаҳид мекунад.
Бо ин далелҳо, имрӯз, яъне санаи 29 марти соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ таҳти сарпарастии профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисод Фирӯз Насриддинов семинари доимамалкунандаи умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Муҳаққиқони ҷавон» баргузор гардид, ки дар кори он мудирони кафедраҳо, устодону унвонҷӯён ва магистрантону донишҷӯёни зиёд иштирок карданд.
Дар ибтидо Ф. Насриддинов ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё ҳамкориҳои дипломатию тиҷоратӣ ва иқтисодиро ба роҳ мондааст, ки ин ҳама бозгӯи давоми мантиқии татбиқи иқдомоти пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозӣ дар соҳаи савдои хориҷӣ, ислоҳот ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт, рушди минбаъдаи савдои хориҷӣ дар кишвар мебошанд.
Сипас, Наҷибулло Мирзоқурбонов, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзуи «Савдои хориҷӣ ва таъсири он ба рушди иқтисоди миллӣ» аз тариқи презентатсия ва воситаҳои айёнӣ баромад намуда, қайд кард, ки муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳо ва робитаи мутақобилаи иқтисодии онҳо дар ҳоли ҳозир тавассути мегаиқтисод ба роҳ монда мешаванд. Мегаиқтисод ин вобастагии иқтисодиёти як мамлакатро аз иқтисодиёти мамлакати дигар ва таҳлили онро, ки чӣ гуна ба рушди иқтисоди миллӣ таъсир мерасонад, нишон медиҳад. Ҳамчунин, он ҷараёни молу хизматҳо, захираҳои иқтисодӣ ва активҳои молиявиро байни мамлакатҳо мушоҳида намуда, сиёсати иқтисодии давлатро барои ба танзим даровардани ҷараёнҳо ва таъсири онҳоро ба сатҳи некуаҳволии мардум инъикос мекунад.
Дар ҷамъбаст Ф.Насриддинов аз баргузории дар фазои илмиву маърифатӣ ҷараёнгирифтаи ҷамъомад, ширкати фаъоли устодону донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ карда, бобати минбаъд ривоҷ додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби бевоситаи унвонҷӯёну толибилмон дар ин самт дастурҳои мукаммалу муфид дод.
Тағоймурод Эшзода