Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Даромадҳо ва хароҷоти буҷети давлатӣ

Даромадҳо ва хароҷоти буҷети давлатӣ

Санаи 29-уми марти соли равон дар толори таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон лексияи дотсенти кафедраи молия ва қарз Раҳмон Содиқов бо донишҷӯёни ихтисосҳои менеҷмент, менеҷменти инноватсионӣ, менеҷменти молиявӣ ва менеҷменти инвеститсионӣ баргузор гардид. 
Номбурда дар мавзуи «Даромадҳо ва хароҷотҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан карда, оид ба мафҳумҳои даромадҳои буҷетӣ, даромадҳои андозӣ, ғайриандозӣ, грантҳо, воридоти маблағҳои беподош ва хароҷоти буҷет маълумоти муфассал дода, аз ҷумла чунин иброз дошт: 
- Даромадҳои буҷети давлатӣ муносибатҳои иқтисодиеро ифода менамояд, ки байни давлат ва корхонаву аҳолӣ дар ҷараёни ташкили буҷети давлатӣ ба вуҷуд меоянд. Буҷети давлатӣ тавассути ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳо ташкил мешавад. Даромадҳои буҷетӣ – маблағҳои пулии дар шакли беподош ва бебозгаштеанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи фондҳои мақсадноки воридшаванда тааллуқ доранд. 
Ҳамчунин, қайд гардид, ки хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ягонагии сохтор, шакл ва усулу воситаҳои фаъолият, меъёрҳои ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлатии таъминоти буҷетӣ, хароҷоти молиявӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, асос меёбад. 
Дар анҷоми лексия байни иштирокчиён ва устод пурсишу посух сурат гирифт, ки донишҷӯён ба суолҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. 


Тағоймурод Эшзода