Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии рушди иқтисодиёти рақамӣ

Баррасии рушди иқтисодиёти рақамӣ

Рӯзи 30 марти соли равон бо ташаббуси кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ташаккулёбӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамо ва тамоюли он» доир гардид. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳ. кушода, иброз дошт, ки мавзуи баррасишаванда ҳамоиши илмӣ-актуалӣ буда, аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ аз соли 2018 маншаъ мегирад. 
- Мақсади гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ин баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар аст ва барои ин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ таҳия гардидааст, ки се марҳиларо дар бар мегирад. Феълан дар аксари сохторҳо дар ҷумҳурӣ иктисодиёти рақамӣ татбиқ шуда истодааст, аз қабили интернет-банкинг, «Равзанаи ягона», Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ва дигарҳо, ки барои истифодаи самараноку шаффоф ва сарфакоронаи маблағҳо пешбинӣ гардидааст, - гуфт ректор. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Баъдан, Ибодуллоев Муҳаммадӣ, директори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» дар мавзуи «Таълими иқтисоди рақамӣ: мушкилиҳо ва дурбинӣ» баромад карда, муаммоҳои омодасозии кадрҳои соҳаи иқтисоди рақамиро ба таври муфассал баррасӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки таълими иқтисодиёти рақамӣ бояд асосҳои сиёсати давлат дар татбиқи иқтисодиёти рақамӣ, роҳҳои ҳалли стратегӣ, нақш ва аҳамияти он дар рушди рақобатпазирӣ ва амнияти миллӣ; мушкилоти татбиқи иқтисодиёти рақамӣ, монеаҳо дар рақамикунонии соҳаҳо; салоҳият ва малакаҳои зарурӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, қабули қарорҳои навоварона; шеваҳои рушди ин раванд дар ҷаҳон ва хусусиятҳои табдили рақамӣ дар кишварҳои гуногун; шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар татбиқи иқтисодиёти рақамиро дар бар гирад. 
Ҳамзамон, барои таълими фанни иқтисодиёти рақамӣ баъзе мушкилиҳоро номбар кард, ба мисли дарки номукаммали мафҳуми иқтисодиёти рақамӣ, кам будани маводи таълимӣ дар ин самт ба забони тоҷикӣ, гуногун будани барномаҳои таълимӣ дар макотиби олии кишвар, ҳамкории сусти тарафҳо дар мавриди таҷрибаомӯзӣ; дастрасии суст ба интернет ва матолиби маҳаллиро номбар намуда, ки бартараф намудани онҳо ба манфиати кор хоҳад буд. 
Барои боло бурдани сатҳи таълими ин ихтисос Ибодуллоев М. якчанд пешниҳодҳои муфид кард, ба монанди омода кардани кадрҳои педагогӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ, рушди муҳтаво бо забони тоҷикӣ, ҷорӣ намудани фан дар ҳамаи ихтисосҳои иқтисодӣ; баланд бардоштани огаҳмандии аҳолӣ аз манфиатҳои ТИК ва иқтисодиёти рақамӣ; дастгирии навовариҳо дар макотиби олӣ тавассути технопаркҳо; таъмини шарикии тарафҳои ҳавасманд дар рушди иқтисодиёти рақамӣ ва ба ҳамин монанд, ки метавонанд дар омодасозии кадрҳои ин соҳа нақши муассир гузоранд. Зеро норасоии кадрҳои иқтисодиёти рақамӣ имрӯз муаммои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад ва рушди соҳа, бешак, ба иқтидори кадрӣ вобастагӣ дорад. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар идома Асомиддин Атоев, мушовири Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» дар мавзуи «Нақши иқтисоди рақамӣ дар расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, ин мавзуъро таҳлил намуд. Мавсуф бо овардани мисолҳои мушаххас нақши иқтисодиёти рақамиро дар татбиқи чор стратегияи миллӣ нишон дод. Ӯ чанд роҳи таъсири иқтисодиёти рақамиро ба ҳадафрасӣ гуфта гузашт, ба мисли фурӯхтани барқ тавассути интернет ба ширкатҳои хориҷӣ бо сохтани маркази коркарди додаҳо, ташкили саноати ватании иттилоот, рақамикунонӣ дар бахши нақлиёт ва дигар воситаҳои муосири технологӣ, ки барои рушди иқтисодиёт низ мусоидаткунанда аст. 
Сипас, Саидалӣ Ҳаитов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, заминаҳои ҳуқуқии рушди соҳаро арзёбӣ намуд. Дар музокира Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм баромад карда, аҳамияти иқтисодиёти рақамиро ба илм ва навовариҳо муҳим арзёбӣ намуда, милликунонии иқтисодиёти рақамиро шарти зарурӣ номид. 
Дар охири қисми кушодашавии конфронс саволу ҷавоб сурат гирифт. Пас аз нисфирӯзӣ конфронс дар бахшҳо идома ёфта, дар он масъалаҳои заминаҳои рақамисозии иқтисодиёт ва таъсири он ба бозори дохилии меҳнат, иқтисодиёти рақамӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ, андозбандӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ, зарурати таъсиси дата-марказҳо ва платформаҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар ва ғайра баррасӣ ва таҳлил гардиданд ва вобаста ба онҳо пешниҳодҳо ба мақомоти дахлдор равон карда мешаванд. 


Машҳура Абдуллоева