Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ мавқеашро дар рейтинг нигоҳ дошт, ё дар байни 41 макотиби олӣ дар ҷойи 4-ум аст

ДДМИТ мавқеашро дар рейтинг нигоҳ дошт, ё дар байни 41 макотиби олӣ дар ҷойи 4-ум аст

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар соли 2021 бо гирифтани 218 хол боз сазовори ҷойи чорум гашт, ки ин барои донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми баланд буда, барои устодон ва донишҷӯён мояи сарфарозист. 
Соли панҷум аст, ки баҳогузории рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар гузаронида мешавад. Баҳодиҳии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 34 меъёр фаъолияти илмию тадқиқотӣ, омӯзиш ва таълим, фаъолияти байналмилалии макотиби олӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми баҳогузорӣ нишондиҳандаҳои зерин, ба мисли теъдоди омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, рисолаҳои докторӣ ва номзадии ҳимояшуда дар 11 моҳи охир (1 докторӣ ва 24 рисолаи номзадӣ), мақолаҳои илмии нашршуда (инчунин шумораи мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои аз рӯи рӯйхати КАО чопшуда – 277 адад), китобҳои дарсии тахассусӣ бо забони давлатӣ таҳияшуда дар 11 моҳ вобаста ба нақшаи таълимӣ (11 адад); шумораи китобҳои дарсии электронӣ, лабораторияҳо; мавҷудияти маркази такмили ихтисос, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, системаи идораи иттилоотӣ, сомонаи муассиса ва шумораи ташрифоварандагон, парки технологӣ; шумора ва ё арзиши грантҳо барои рушд ва таҳкими пояи моддию техникии муассиса, такмили ихтисоси омӯзгорон, сатҳи сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва ғайра ба инобат гирифта шуданд. 
rddmit400.jpgҶойи тазаккур аст, ки натиҷаи фаъолияти пурсамари илмию педагогии ҳайати профессорону омӯзгорон ва роҳбарияти таълимгоҳ аз рӯи аксари нишондиҳандаҳо мусбӣ арзёбӣ шуда, донишгоҳ холҳои баланд гирифт ва барои ишғоли рейтинги баланд дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ асос гардид. Ин қадамест устувор ба сӯйи ҳадафҳои стратегии донишгоҳ – омода намудани мутахассисони баландихтисос, баланд намудани сифати таълиму тарбия ва нигоҳ доштани мавқеи устувору муайян дар низоми таҳсилот дар ҷумҳурӣ ва дар минтақа. 
Бояд гуфт, ки ин дастовард натиҷаи фаъолияти софдилона ва самараноки ҳайати профессорону устодон ва болоравии сифати таълиму тарбия дар таълимгоҳ, афзудани корҳои илмию тадқиқотии олимон, тавсеаи равобити хориҷии он, тақвияти заминаҳои моддию техникии таълимгоҳ мебошад. Вале аз ин натиҷаҳо мо бояд қаноатманд нашуда, дар иҷрои уҳдадорию рисолати худ масъулияти бештар ҳис намуда, пайи болобурди номи ин даргоҳи илму маърифат дучанд бикӯшем. 
Ёдовар мешавем, ки рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2017 инҷониб барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, маҳорату малакаи касбии омӯзгорон ва амалӣ кардани навҷӯиву навгонӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ гардидааст ва дар зарфи 5 сол ДДМИТ мавқеашро устувор нигоҳ дошта, сазовори ҷойи 4-ум мегардад. Гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодҳои рейтингӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рақобат ба назар мерасад. Ин боис мегардад, ки дар маҷмӯъ рейтинг барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси талаботи бозори меҳнат таъсири худро расонад. 


Машҳура Абдуллоева