Хабарҳо
Шарҳи истифодаи ҳамёни мобилӣ
Бо даъвати мутахассисони ҶСП Бонки “Арванд” сардори шуъбаи қарзӣ Лутфулло Касиров ва мутахассиси қарзии қарзҳои калон Бахтофарид Низомов таърихи 31-уми марти соли равон дар толори донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он устодони кафедраҳои гуногун, донишҷӯёни курсҳои сеюму чоруми ихтисоси кори бонкӣ, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ иштирок намуданд.
Дар ин семинари омӯзишӣ меҳмонон дар мавзуи “Истифодаи ҳамёни мобилӣ” баромад карда, оид ба пайваст шудан ба ин ҳамёни электронӣ ва тарзи истифодаи он, бартариятҳои он аз дигар ҳамёнҳои электронӣ, вазифаҳои он, осон гардонидани кори мизоҷон ва дигар ҷузъиётҳои ин барнома фикрҳои ҷолиб баён намуданд.
Ҳамчунин дар охири семинар масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони ихтисосҳои номбурда дар ҶСП Бонки “Арванд” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мутахассисон қайд намуданд, ки хатмкунандагон ва донишҷӯёни болаёқат метавонанд озодона ба ин бонк барои таъмин шудан бо кор дархост пешниҳод намоянд.
Дар охир устодону донишҷӯён ба маърузачиён саволҳо пешниҳод карда, ба онҳо ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Тағоймурод Эшзода