Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақсади асоси беҳтар намудани маъмурикунонии андоз

Мақсади асоси беҳтар намудани маъмурикунонии андоз

Санаи 31 март бо ташаббуси кафедраи андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнес бо ҷалби мутахассис аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозирҷон Назирзода, сардори такмили қонунгузории андози ин кумита дар мавзуи «Шарҳу тавзеҳоти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав» бо иштироки васеи донишҷӯён ва устодон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, Н. Назарзода иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, таҳти №643 “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025” қабул гардидааст. Дар назар аст, ки татбиқи амалии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва барномаи мазкур ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ, рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз, ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагону мақомоти давлатӣ ва дар ин замина, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва интизоми андозсупории андозсупорандагон ва сифатан беҳтар намудани фаъолияти мақомоти андоз, инчунин, минбаъд боз ҳам пасттар гардидани сатҳи гаронии андоз мусоидат менамояд.
Дар охир аз тарафи донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ вобаста ба Кодекси андози нав саволҳо пешниҳод гардида, мутахассис бо ҷавобҳои мушаххас ва мисолҳои фаҳмо посух гардонид.
Бояд қайд кард, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав 23 декабри соли 2021 тасдиқ гардида, аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шудааст, ки дар он имтиёзҳои андозии амалкунанда нигоҳ дошта шуда, барои соҳибкорон ва сармоягузорон як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои иловагиро пешбинӣ менамояд.


Тағоймурод Эшзода