Хабарҳо
Қадрдонии беҳтаринҳо
Рӯзи 31 марти соли ҷорӣ чанд нафар аз устодону кормандон барои фаъолияти пурсамар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд, дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонашон супорида шуд.
Ҳамин тавр, барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон ва саҳмгирӣ дар тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ коменданти хобгоҳи рақамиякум Зуҳуриддин Мухторов бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» мукофотонида шуд.
Ҳамзамон кормандони зерин барои нақши арзанда гузоштанашон дар таълиму тарбияи донишҷӯён бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд, ба монанди Асомудин Қаландаров, сардори раёсати таълим, Бобоҷон Сатторов, декани факултети иқтисод ва биснес, Некруз Мирзоев, эдвайзер оид ба таълими факултети иқтисод ва бизнес ва бо Сипосномаи ин ниҳод Абдумалик Сафаров, эдвайзер оид ба таълими факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Соҳибназар Қаландаршоев, муаллими калони кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, Ҳамза Оралбоев, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикорупсионӣ, Шавкат Намозализода, раиси Иттифоқи касабаи факултети молия ва қарз қадрдонӣ гардиданд.
Мо аз номи Раёсат ва аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ нафарони дар боло овардашударо бо ин қадрдониҳо табрику муборакбод намуда, дар корҳои ояндаашон бурдбориҳо таманно менамоем.