Хабарҳо
«Сайри гули лола» бозгӯи ободии диёр
Ҷои шукргузорист, ки баъд аз расидан ба Истиқлоли миллӣ маросиму суннатҳои халқии мо дубора эҳё мешаванд ва бо симою падидаҳои тоза арзи вуҷуд мекунанд, ки аз хушбахтию оромӣ, амну осоиш ва рӯзгори ободи мардуми мо дарак медиҳад. Яке аз чунин чорабиниҳо ин Фестивали «Сайри гули лола» аст, ки бо ҷилои нав эҳё гардид ва чанд сол аст, ки дар тамоми манотиқи кишвар баргузор мегардад.
Санаи якуми апрели соли равон низ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фестивали «Сайри гули лола» бо шукуҳи хоса доир гардид. Дар он роҳбарияти донишгоҳ, устодону донишҷӯён ва меҳмонон – Умеда Абдуллоева, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Устодону донишҷӯёни шаш факултет дар се мавзеи зебою гулзори донишгоҳ гӯшаҳои махсус ташкил намуда, меҳмононро бо шеърхониву суруду рақс пешвоз гирифтанд. Донишгоҳ ба базмгоҳи миллии гулҳо табдил ёфта, ҳар бинандаро мафтун намудаву ба ваҷд меовард. Донишҷӯдухтарон бо шукргузорӣ аз истиқлолу диёри ободу зебо бо либосҳои миллӣ дар болои сабза ба гулдӯзӣ машғул шуда, дар ин баробар дар васфи гулу баҳори Тоҷикистон суруд мехонданд, ки басо ҷолиб буд.
Байтбараку шеърхонӣ дар айёми фасли баҳор ба анъана даромадааст ва он аз ҷониби иштирокчиёни фестивал басо муассир ва диданӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Ҳамзамон донишҷӯдухтарон намоиши рангину ҳунармандонаи дастони хеш - ҳунарҳои кадбонуӣ ва дӯзандагиро низ ба намоиш гузоштанд ва бинандагон ба онҳо баҳои баланд доданд.
Бояд қайд намуд, ки ташаббускори ин иқдоми басо нек ва дилписанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорӣ ҳидоят намуда, фарҳанги зебоипарастиро ташвиқу тарғиб мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар шахс, ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи диёр буда, ба эҳёи суннатҳои ниёгон, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ин раванд дар тарбияи худшиносии миллии насли наврас низ таъсиргузор мебошад.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ин фестивал ҳамасола доир мегардад ва роҳбарияти таъълимгоҳ ба ободкориву гул-гулшукуфоии саҳни он таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд. Дар мавсими имсола дар саҳни таълимгоҳ 1600 гули лола, 3 ҳазор дона ниҳоли гули садбарг ва 70 дона дарахти ороишии серена шинонда шудааст, ки он саҳни донишгоҳро ба гулистон мубаддал гардонида, ҳар бинандаро барои меҳнати пурсамар ва хониши фаъолона раҳнамун месозад.
Машҳура Абдуллоева
Тағоймурод Эшзода