Хабарҳо
Артиш мактаби зиндагист
Имрӯз, 5 апрели соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, аз ҷумла сафарбар намудани чавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун сарбози ихтиёрӣ мулоқот баргузор гардид, ки дар он Насимҷон Ҳомидзода, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шифо Саидзода ва Комрон Салимзода, ёрдамчиёни калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шуҳратҷон Фозилзода, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Шарифҷон Орипов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал ректори донишгоҳ Ҳ. Абдуалимзода меҳмононро хайра мақдам гуфта, қайд намуд, ки дар ҳақиқат, ҳимояи хоки поки Ватани азиза барои ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳ қарз аст. Мувофиқи талаботи санади танзимкунандаи соҳа – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҷалби ҷавонони синнашон аз 18 то 27-сола, ки дар қайди комиссариятҳои ҳарбиянд, ба хизмати Ватан-Модар даъват карда мешаванд. Соли гузашта аз донишгоҳ 20 нафар донишҷӯи хориҷшуда ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд, ки имрӯзҳо бо сари баланд қарзи шаҳрвандиашонро адо намуда истодаанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон ин мактаби ҷасорат ва обутоби ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад, гуфт ректор.
Пасон Шарифҷон Орипов, Комрон Салимзода ва Насимҷон Ҳомидзода баромад намуда, дар бораи зарурати хизмати ҳарбӣ фикру андешааҳояшонро иброз доштанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз артиш мактаби воқеии зиндагӣ, мардонагӣ ва ҷасорат аст. Рисолати муқаддаси Артиши миллӣ ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Хизмати ҳарбӣ нишонаи дарки ватандӯстӣ ва ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳаббати ҳар як шаҳрвандро нисбат ба Ватан-Модар зиёд намуда, ӯро дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбият мекунад. Ҷавононе, ки ба сафи аскарӣ даъват мегарданд, вазифаи муқаддаси худро бо устуворию фидокорӣ иҷро менамоянд, ки ин аз муҳаббат ва садоқат ба Ватан шаҳодат медиҳад.
Дар охир дар бораи масъулияти шаҳрвандии ҳар нафар даъватшаванда истода гузашта, қайд гардид, ки барои саркашӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст, аз ҷумла дар семоҳаи аввали соли 2021 15 нафар ва дар соли семоҳаи аввали соли 2022 бошад 1 нафар даъватшаванда ва 5 нафар раисони маҳаллаҳо дар ноҳияи Сино ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Аз ин рӯ, ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафтан дар замони имрӯза қадами дуруст буда, масъулиятро талаб менамояд.
Дар мулоқот муовинони ректор, деканони факултаҳо, мудирони кафедраҳо, масъулини раёсатҳои таълиму тарбия ва доираи васеи донишҷӯён иштирок доштанд.
Тағоймурод Эшзода