Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарсҳои сиёсии тарбиявӣ таконбахши худшиносии миллӣ

Дарсҳои сиёсии тарбиявӣ таконбахши худшиносии миллӣ

Санаи 5-уми апрели соли равон тибқи нақшаи Раёсати корҳои тарбиявӣ дар толори таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дарсҳои сиёсии тарбиявӣ барои курсҳои якум баргузор гардид, ки дар онҳо Сайфулло Сафаров, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва Абдулло Давлатзода, муаллими калони ҳамин кафедра дар доираи мавзуи «Шинохту дарки моҳияти манфиатҳои миллӣ ва ҳимояи онҳо дар раванди густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди рақобатҳои геополитикӣ» фикру ақидаҳояшонро баён намуданд. 
Сайфулло Сафаров дар ҳузури донишҷӯёни факултаи иқтисод ва биснес гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ ба мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкориҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. 
dst400.jpgБо донишҷӯёни факултаи муносибатиҳои иқтисоди байналмилалӣ бошад, Абдулло Давлатзода дар бораи тағйиротҳо дар харитаи имрӯзаи ҷаҳон, гуфтугӯи тамаддунҳо, пайдоиш ва инкишофи ғаризаҳои хунин, ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии онҳо изҳори андеша намуда, қайд кард, ки Осиёи Марказӣ дар қалби ҷаҳон ҷойгир шуда, замоне Роҳи абрешим аз ин ҷо мегузашт ва имрӯз зиёда аз 34 фоизи савдои Осиёи Марказӣ мутааллиқ ба давлати Чин аст. Мубориза барои ба даст овардани бозори ин минтақа байни мамлакатҳои абарқудрат идома дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ҳимояи амнияти миллии Тоҷикистон бетараф набошем. Онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва ҷавононро ба роҳи рост ва созандагию бунёдкорӣ тарбия намоем. 
Бояд гуфт, ки дар шароити ноустувори ҷаҳони муосир насли нав, бахусус ҷавононро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва истиқлоли давлатӣ расанд ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. 
Хотиррасон менамоем, ки гузаронидани чунин дарсҳои сиёсии тарбиявӣ бо донишҷӯёни ҳамаи факултаҳо аз таърихи 5-уми апрел сар шуда, то санаи 9-уми апрели соли равон давом мекунад, ки ин ҳама барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллии донишҷӯён такони бузурге хоҳад буд. 


Тағоймурод Эшзода