Хабарҳо
Даъвати мутахассис ба донишгоҳ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 5-уми апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар толори конфронсии донишгоҳ бо иштироки доираи васеи устодон ва донишҷӯён дарси кушоди профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Таваралӣ Ғаниев баргузор гардид. Номбурда дар мавзуи “Болоравии талаботи таълимоти бефосилаи касбӣ-электронӣ ва ташаккули муҳити эҷодӣ-инноватсионӣ дар бозори меҳнат” дарс гузашт. Профессор қайд намуд, ки давраҳои рушди таълимоти касбӣ аслан ба рушди бевоситаи илмиву техникии информатикӣ-электронӣ тааллуқ дошта, бояд дар тамоми ихтисосҳо ин равиши таълимоти касбӣ ворид карда шавад. Чунин раванди рушд дар Тоҷикистон ҳамчун давраи пурра компютеркунонии соҳаи маориф, тиб, саноат ва дигар соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар охир байни иштирокчиён ва профессор Ғаниев Т. нисбати мавзуи матраҳшуда баҳс ба вуҷуд омад, ки он иштирокчиёнро қонеъ кунонид.
Даъвати мутахассисон аз дигар ташкилоту муассисаҳо ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба анъана даромада, барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии донишҷӯён, табодули таҷрибаҳои пешқадами замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа замина мегузорад.
Тағоймурод Эшзода