Хабарҳо
Дарки манфиатҳои миллӣ муҳиманд
Санаи 6-уми апрели соли равон аз ҷониби муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Камолиддин Шарипов дар мавзуи «Шинохту дарки моҳияти манфиатҳои миллӣ ва ҳимояи онҳо дар раванди густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархурди рақобатҳои геополитикӣ» бо донишҷӯёни курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дарси сиёсии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар доираи мавзуъ ноибурда оид ба вазъи кунунии сиёсии олами муосир, ҷаҳонишавӣ, таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои алоҳида, дарки манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо маълумоти мукаммал дода изҳор намуд, ки
-Имрӯз асоси ҷанги давлатҳои абарқудратро на ҳудуд, балки сарват ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони муосир муборизаи давлатҳои абарқудрат бештар хосияти ошкоро касб карда, ба давлатҳои дигар таъсири худро расонида истодааст. Терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ реша медавонад. Дар чунин ҳолат давлатҳоро зарур аст, ки манфиатҳои миллии худро дарк намуда, онро бо ҳар баҳое ҳифз кунанд.
Қайд карда шуд, ки дар радифи давлату ҳукумат ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки манфиатҳои миллиро муқаддас дониста, баҳри ҳифзи онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ диҳад.
Тағоймурод Эшзода