Хабарҳо
Дарси сиёсӣ баҳри тақвияти маърифати сиёсӣ
Сиёсатшинос, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Иқбол Ҷобиров тибқи нақшаи корӣ санаи 7-уми апрели соли равон дар толори таълимии донишгоҳ барои донишҷӯёни курсҳои якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзуи «Шинохту дарки моҳияти манфиатҳои миллӣ ва ҳимояи онҳо дар раванди густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархурди рақобатҳои геополитикӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши сиёсии донишҷӯён дарси сиёсии тарбиявӣ гузаронид. Ҳангоми дарс И.Ҷобиров қайд намуд, ки; дар замоне, ки дигар давлатҳои пасошӯравӣ дар фазои амну озод ба ислоҳоти иқтисодӣ даст заданд, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сарнавишти талхи хеш як зумра бадхоҳони дохиливу хориҷӣ даст ба гиребон гардида, хатари воқеии парокандашавӣ ва аз харитаи сиёсии олам берун шудани кишвар баръало эҳсос мешуд. Дар замоне, ки васеъшавии ҷуғрофияи ноамниҳо ва буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ аҳолии кишварро ноумед мекард, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Зимнан Раиси тозаинтихоб дар суханони нахустини худ иброз доштанд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам ва ба хиради азалии миллати худам боварӣ дорам». Ин суханони тақдирсоз дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи навро оғоз бахшида, вақту таҷриба самара ва натиҷаҳои беназири онро собит сохтанд, ки мо имрӯз аз меваҳои он ком ширин менамоем.
Дар охири дарс донишҷӯёни факултети номбурда якдилона изҳор намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои пешравии кишвар, таъмини сулҳу субот ва якпорчагии миллати тоҷик саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Тағоймурод Эшзода