Хабарҳо
Шарҳи шаклҳои асоси муносибатҳои иқтисодӣ
Дар асоси нақшаи баргузории дарсҳои кушоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таълими донишгоҳ санаи 7-уми апрели соли равон дар синфхонаи методии кафедраи мазкур бо иштироки тамоми донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра, аз ҷумла ихтисоси иқтисоди ҷаҳон ва менеҷменти байналхалқӣ ва устодони кафедраҳо дарси кушоди мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ, дотсент Зарина Давлатшоева баргузор гардид.
Зимни дарс З.Давлатшоева зикр намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон шаклҳои гуногуни муносибатҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст. Дар замони муосир чунин шаклҳои асосии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, аз ҷумла тиҷорати байналхалқии мол ва хизматгузорӣ, ҳаракати байналхалқии сармоя, ҳаракати байналхалқии қувваи корӣ, таҳвили байналхалқии технологияҳо, муносибатҳои байналхалқии асъорию қарзӣ ва ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ вуҷуд доранд ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба кишвар аз имконияти бозори дохилӣ, истифодаи сарватҳои табиии кишвар, ҷойгиршавии кишварҳо дар шоҳроҳҳои ҷаҳонӣ ва мавҷудияти қувваи кории арзон вобаста аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи сарватҳои табиӣ ва мавҷудияти қувваи кории арзон барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолиб мебошад.
Дар охир А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ дарси кушодро таҳлил намуда, барои боз ҳам дар сатҳи баланд баргузор гаштани дарсҳо маслиҳатҳои судманд дод.
Тағоймурод Эшзода