Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тарбия хуб бошад, инсон соҳиби дониш мешавад

Тарбия хуб бошад, инсон соҳиби дониш мешавад

Санаи 8-уми апрели соли равон ҷаласаи васеи Шӯрои кураторони донишгоҳ бо иштироки васеи муовинони ректори таълимгоҳ, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, эдвайзерони корҳои тарбиявӣ ва кураторони гурӯҳҳои академӣ доир гардид. Дар он вазъи корҳои таълиму тарбия дар таълимгоҳ мавриди баррасӣ ва таҳлил гирифт. 
Зимни баромад муовини аввали ректор, муовин оид ба таълими донишгоҳ Баҳодур Ҷурахонзода аз кори таълиму тарбия, иштироки олимон дар чорабиниҳои илмӣ, фаъолияти кураторон, оид ба иҷрои нақшаҳои инфиродӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки мақсад аз ҷаласаи имрӯза беҳтар кардани фаъолияти таълимиву тарбиявӣ мебошад. Дар баробари ин ӯ дар бораи иҷрои саривақтии вазифаҳои кураторон истода гузашта, афзуд, ки дар ҷодаи тарбия кураторон метавонанд саҳми босазо дошта бошанд. Яъне, куратор ҳам падари маънавии донишҷӯ ва ҳам чашму ҳуш ва дасти рости садорати факултет мебошад. Тарбия кардани насли наврас, бахусус ҷавонон аз ҳар яки мо масъулияти баландро тоқазо менамояд. Тарбияи насли наврас танҳо вазифаи устод ё куратор нест, балки он вазифаи аҳли ҷомеа аст. Ҳамагонро зарур аст дар ин кори хайр бетараф набуда, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ бикӯшанд, то ин ки натиҷаҳои назаррас ба даст оянд, - гуфт дар охир Ҷурахонзода Б. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар идома муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунавша Қодирова ва сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода нуқтаи назари худро дар бораи роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо дар ҷодаи самти таълим, илм, тарбия, ба аттестатсия омода намудани кормандон, иҷрои нақшаи инфиродӣ, ҷалб ва аъзо намудани донишҷӯён ба Китобхонаи миллӣ ва донишгоҳӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯён, дар бораи навбатдории кураторон, шинос намудани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, одоби муошират изҳори андеша намуда, таклифҳои ҷолиб пешниҳод карданд. 


Тағоймурод Эшзода