Хабарҳо
Муаррифии беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён
Рӯзи 9-уми апрел бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ҷиҳати аз бар намудани донишҳои амалӣ ва андӯхтани таҷриба дар самти омода намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ, озмуни «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ» ҷамъбаст гардид. Нахуст, раиси ҳакамон, муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров ба иштирокчиён барор хоста, таъкид намуд, ки аксар идеяҳои инноватсионӣ дар синни ҷавонӣ пайдо мешаванд ва тавре бузургон фармудаанд: «Илм дар наврасию ҷавонӣ, нақш бар санг бастан аст». Донишҷӯён кӯшиданд бо таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ маводи рӯзмараро барои коркард пешниҳод намоянд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва молиявӣ манфиатовар мебошанд. Онҳо бо истифода аз тахтаҳои электронӣ лоиҳаҳои худро шарҳ дода, ба саволҳои пешниҳодгардидаи аъзои ҳакамон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Баъди баҳодиҳии аъзои ҳакамон, дар ин озмун лоиҳаи пешниҳоднамудаи донишҷӯёни курси 3-и ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарзи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Фирдавс Раҳимзода ва Ҳумайнӣ Носиров дар мавзуи «Истифодаи самараноки обҳои табиӣ (борон) дар таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир» сазовори ҷойи якум гардид. Ҷойи дуюм ба донишҷӯёни факултети техналогияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Некбахт Мирсаидов барои пешниҳоди лоиҳаи “Автоматикунонии ҳуҷҷатгузории китобхонаи илмии ДДМИТ» ва Амрулло Толибов барои муаррифии лоиҳаи «Интернет-мағозаҳо» насиб гардид.
Лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯи курси 3 ихтисоси 24010302 Қобилҷон Ҳамидов дар мавзуи «Сохтани бозичаҳои экологӣ аз чӯб» ва донишҷӯи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Фариштамоҳ Ниёзода барои пешниҳоди лоиҳаи «Маркази дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ аз рӯи фармоиш бо номи «Гулдухтарони заррин» ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Ҳамзамон, зимни муаррифии лоиҳаҳо бартариятҳо ва паҳлуҳои гуногуни он баррасӣ гардида, имкониятҳои татбиқи он мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Тавре қайд гардид, дар доираи парки технологии донишгоҳ амалисозии лоиҳаҳои хурду миёна имконпазир буда, барои муаррифии маҳсулоти ин марказ нақши босазо мегузорад.
Наврӯз Ҷобиров
Тағоймурод Эшзода