Хабарҳо
Шиносоӣ бо таърихи молиявӣ
Имрӯзҳо дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week), ки Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст, бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯёни факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 11 апрел донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми ихтисоси кори бонкии факултети мазкур барои шиносоӣ бо таърихи молиявӣ аз осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Онҳо шиносоиро аз давраҳои таърихии Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони он оғоз намуданд.
Инчунин аз тангаҳои қадимаи давраи Юнону Бохтарӣ, Кӯшониёну Сомониён, Қарахониёну Хоразмшоҳиён ва баъдан аз таърихи барориш ва муомилоти пули миллии рубли тоҷикӣ ва сомонӣ шинос шуданд. Илова бар ин, аз таърихи гузаронидани ислоҳоти пулии давраҳои давлатдории тоҷикон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол донишҷӯён огоҳӣ пайдо намуданд.
Дар баробари ин, донишҷӯён бо туҳфаҳои расмии аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ ба роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷиистон ҳадянамуда шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки аз тамошои нигораҳои осорхона донишҷӯён ба худ таассуроти хотирмон оид ба таърихи пайдоиши пул, коғазҳои қиматнок ва муносибатҳои бонкдории мамлакат гирифтанд.
Дар охир бо донишҷӯён оид ба муайян намудани сатҳи дониши саводнокии молиявии онҳо саволу ҷавоб низ сурат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур аз 01.04.2022 то 30.04.2022 соли равон баргузор гардида, донишҷӯён марҳила ба марҳила дар он иштирок хоҳанд кард