Хабарҳо
Дарсҳои сиёсии тарбиявӣ донишҳоро тақвият мебахшанд
Тибқи нақшаи баргузории дарсҳои сиёсӣ санаи 12-уми апрели соли равон дар толори умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дарси сиёсии тарбиявии сиёсатшинос, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фаридун Сафарзода бо иштироки донишҷӯёни курси савуми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт баргузор гардид.
Саравал Ф Сафарзода дар бораи манфиатҳои муҳим ва ҳаётан муҳим, рақобатҳои абарқудратҳои ҷаҳон барои соҳиб шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, муноқишаҳои байни давлатҳо, авзои имрӯзаи давлати исломии Афғонистон ва Покистон сухан ронда, иброз намуд, ки агар ҳамсоя тинҷ бошад, мо оромем ва баргузории чунин дарсҳои сиёсиро дар факултаҳо тадбири нек хонда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар дарсҳои сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, бо донишҳои сиёсӣ ҳамеша мусаллаҳ бошанд ва сиёсати созандагии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша дастгирӣ намоянд.
Дар идома гуфта шуд, ки аз соли 1945 то соли 1992 дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 100 низоъҳои бузург ба амал омадааст, ки дар онҳо тахминан 20 миллион одам ҷони худро аз даст додаанд ва ҳамзамонки аз соли 1945 то соли 1985 ҳамагӣ дар ҷаҳон 26 рӯзи осоишта будаасту халос.
Сафарзода Ф. дарсро ҷамъбаст намуда, гуфт, ки месазад ба қадри ин рӯзҳои осоишта расем ва ба доми душманони миллат наафтем.
Тағоймурод Эшзода