Хабарҳо
Дарси кушоди экологияи иҷтимоӣ
Санаи 11-уми апрели соли равон дарси кушоди Одилҷон Улуғов, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ бо донишҷӯёни курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор, ихтисоси таҳлили иқтисодӣ баргузор гардид. Номбурда ҳангоми баррасии мавзуи «Экологияи иҷтимоӣ ва аҳамияти омӯзиши он» дар синфхонаи муҷаҳҳаз бо воситаҳои электронии таълим бо иштироки доираи васеи устодон, аспирантон ва донишҷӯён афзуд, ки экология илми гуманитариест, ки инсонро мавриди тадқиқоти худ қарор медиҳад ва муносибат ба табиатро меомӯзад. Муносибати инсонро ба муҳит дар доираи як илми алоҳида омӯхтан ғайриимкон аст. Дар баробари мураккаб шудани сохти ҷамъияти инсонӣ муносибати инсон ба табиат ва муҳити ишғолкардаи он низ мураккаб мегардад. Дар баробари ба вуҷуд омадани саноаткунонӣ дигаргуншавии табиат ба авҷи аъло расида, шароити табиии меҳнатӣ ба шароити сунъӣ ва техникӣ мубаддал мегардад.
Дар баробари ин ӯ дар бораи мушкилоти экологӣ ҳарф зад, ба монанди буҳрони захираҳои замин, кам шудани манбаъҳои энергетикӣ, нест кардани ҷангалзорҳо, ифлосшавии ҳаво, кам шудани захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, мушкилоти демографӣ, яъне зиёдшавии миқдори одамон дар табиат мебошад.
Эҳтиром ба табиат бояд асоси фаъолияти ҳифзи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад. На танҳо рафъи оқибатҳои ифлосшавӣ ва харобкорӣ, балки дар аввал истифодаи технологияҳое, ки ба табиат чунин таъсири зараровар нахоҳад дошт, низ муҳим аст, зикр кард дар охири дарс О.Улуғов.
Дар муҳокимаи дарс сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ, А. Муллоҷонов ва дигар устодон баромад карда, муҳиммияти мавзуъро таъкид намуда, барои боз ҳам шавқовар ва пурмазмун гузаронидани машғулиятҳо таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Тағоймурод Эшзода