Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Риояи танзим-талаботи замон

Риояи танзим-талаботи замон

Бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ дар толори умумидонишгоҳӣ санаи 12-уми апрели соли 2022 дар доираи нақшаҳои тартибдодашудаи донишгоҳ бо донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт семинар-машварат баргузор гардид. 
Чорабиниро декани факултет С.Темурбекова ифтитоҳ карда дар бораи риояи тартиботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаҳояшро иброз дошта, қайд намуд, ки дар фазои имрӯзаи кишвар таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳалталаби иҷтимоӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии устувории иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Вазъи иҷтимоии ҷомеа беш аз пеш хусусияти беҳбудиро гирифтааст. Ҷомеа ҳар қадар пеш равад, талабот ҳамон қадар зиёд мешавад. Ҳамин буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва мавриди амал қарор гирифт ва онро метавон як василаи ҳифзи низоми иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кард. 
Дар идома устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Сулаймон Дӯстов дар мавзуи “Сабаб ва заминаҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”” баромад намуда, паҳлӯҳои мухталифи мавзуъро шарҳ дода, дар бораи бандҳои асосии ин қонун маълумоти муфассал дод ва аҳли нишастро ба риояи он даъват намуд. 
Дар охир ҳамагон ба хулосае омаданд, ки минбаъд дар ин самт тадбирҳои нав рӯи даст гирифта шуда, чорандешӣ бобати татбиқи ҳамаҷонибаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассиса амалӣ карда мешавад. 


Тағоймурод Эшзода