Хабарҳо
Оғози даври донишгоҳии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат”
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҷиҳати амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) дар ДДМИТ даври донишгоҳии ин озмун оғоз гардид. Лозим ба ёдоварист, ки аз 4-ум то 9-уми апрели соли равон ин озмун дар факултетҳо гузаронида шуда, ба даври донишгоҳии он 250 нафар роҳ ёфтанд. Инчунин, пас аз анҷоми даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” беҳтаринҳо ба даври ноҳиявии он сафарбар мегарданд.
Озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида мешавад.
Дар ифтитоҳи он, ки рӯзи 14-уми апрел дар ДДМИТ баргузор гардид, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва масъулин иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров оид ба аҳамияти илмӣ-маърифатии озмун суханронӣ намуда, зикр кард, ки эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» моро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи донишҷӯёни болаёқат ва олимони ҷавонро зиёд ва иштироки бештари толибилмону омӯзгоронро дар озмун таъмин намоем.
Ҳамин тавр, донишҷӯён аз рӯи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам сабқат менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки натиҷаҳои озмунро муаллимони унвондори кафедраҳои дахлдор баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро ба даври ноҳиявӣ мегузаронанд. Озмун чанд рӯзи дигар идома ёфта, ғолибон муайян мегарданд.
Тағоймурод Эшзода