Хабарҳо
Барои устувории сулҳу субот ҳиссагузор бошем
Рӯзи 13-уми апрел бо иштироки садорат, мудирони кафедраҳо, устодон, аспирантон ва донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарзи донишгоҳ дарси сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.
Дар оғози дарс сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Асадулло Муллоҷонов дар бораи ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ ва дарки ватандӯстӣ изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки дар шароити ноустувори ҷаҳони муосир ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар фикру ақидаи хеш оид ба ин арзишҳои миллӣ устувор бошад, ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлоли давлатӣ расанд.
Дар пайравӣ ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон - донишҷӯён бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ барои устувории сулҳу субот ва амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссагузор бошанд.
Декани факултети молия ва қарз Амрулло Нурализода дар бораи муҳтавои мавзуи баррасишаванда изҳори ақида намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо шароити хуби илмомӯзӣ дар Ватани азизамон муҳайё гардида, ба ин васила, метавон ба шинохти арзишҳои миллӣ ноил шуд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар вуҷуди насли ояндасоз баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро бештар ҷой намоем.
Гузаронидани чунин дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бо иштироки таърихчиён бо донишҷӯён барои дарки маънавиёт ва фарҳанги қадим хизмат мерасонад.
Тағоймурод Эшзода