Хабарҳо
Солимии ҷомеа-боигарии миллат
Бо ташаббуси раёсати тарбияи донишгоҳ имрӯз, 15 апрел дар толори умумидонишгоҳӣ мулоқоти намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисода Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он А.Собирзода, ҷонишини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, З.Анварӣ, директори Маркази шаҳрии тарзи ҳаёти солим, Д.Саидбурҳонов, директори маркази ВНМО, Х. Баҳромбоева, намояндаи маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, С.Исматов, намоянда аз маркази зидди нашъамандӣ ва Д.Давронова, духтари Маркази саломатии шаҳрии рақами 1 иштирок намуда, дар мавзуи «Таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳимояи ҷомеа ва муқовимат бар зидди бемориҳои сироятӣ аз мавзуъҳои меҳварии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» фикру ақидаҳояшонро иброз намуданд.
Мутахассисони соҳаи тиб зимни баромад қайд намуданд, ки ВНМО бемориест, ки онро барангезандаҳои норасоии масунияти бадан пайдо менамоянд ва танҳо дар ҳуҷайраҳои қувваи муҳофизавӣ инкишоф ёфта метавонад. Ин беморӣ дар аввал нишона надорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 2500 нафар мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бадбахтона, аллакай 900 нафари онҳо вафот намуданд. Дар шаҳри Душанбе бошад, алҳол 320 нафар мубталоёни ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки синнашон ба 18 нарасидааст.
Баромадкунандагон, ҳамчунин, дар масъалаи тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирии бемориҳои сил ва нашъамандӣ фикрҳои ҷолиб баён карда, ба ҳозирин маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар охир донишҷӯён бо истифода аз таҷҳизоти соҳавии тандурустӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ба онҳо варақаҳои таблиғотии пешгирӣ аз бемориҳои ВНМО, сил ва нашъамандиро тақдим намуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо барои болобурди маърифати гигиению тиббии аҳолӣ мусоидат намуда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ замина мегузорад.
Тағоймурод Эшзода