Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Операторҳои забони барномасозӣ

Операторҳои забони барномасозӣ

Рӯзи 14-уми апрел аз тарафи мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, н.и.и. Аламшоева М.М. дарси кушод дар мавзуи “Операторҳои забони барномасозӣ” баргузор гардид. Дарси кушод дар курсҳои 2 ва 3 -и ихтисосӣ 1-25011200 - информатикаи иқтисодӣ гузаронида шуд. 
Мавзуи операторҳои забони барномасозӣ яке аз мавзуъҳои асосӣ ва муҳими фанни асосҳои алгоритмронӣ ва забонҳои барномасозӣ мебошад, ки дар сохтани барнома ва лоиҳа нақши муассир дорад. Яъне, таҳияи барнома бе истифодаи операторҳо ғайриимкон аст. Бинобар, ин мавзуи интихобгардида барои ихтисоси информатикаи иқтисодӣ хеле муҳим буда, азхуднамоӣ ва истифода бурдани операторҳо дар амалия ҳатмӣ мебошад. 
Аламшоева М.М. моҳияти операторҳои забони барномасозӣ ва муҳимияти онро барои таҳияи барнома ба донишҷӯён шарҳ дода, қайд кард, ки: оператор унсури забонест, ки тавсифи пурраи амали иҷрошавандаро муайян мекунад. Ҳар як оператор ибораи мукаммали забони барномасозӣ буда, марҳилаи коркарди маълумотро муайян месозад. Барномасозиро бе истифодаи оператор тасаввур кардан ғайриимкон аст. 
Барои мустаҳкамкунии дарс ва азхудкунии мавзуъ омӯзгор Аламшоева М.М. аз усули нави таълим - кор бо гурӯҳҳо истифода бурда, се навъи бозиҳоро бо донишҷӯён ташкил намуд. Дар ҳар як гурӯҳ 4-нафарӣ иштирок намуданд. Бозии якум ба таври “кроссворд”, ки аз 9 савол иборат буд, бозии дуюм “ҷавоб ба саволҳо” ва бозии сеюм “Муайян кардани шахсиятхои бузурги соҳаи технология ва барномасозӣ” буд. 
Аз тарафи омӯзгорон Темурбекова С.Д. ва Раҳмонзода М. ғолиби бозиҳо муайян карда шуданд. 
Дар охири дарс вобаста ба мавзуи баррасишуда баҳсу мунозира дар гузаронида шуд.