Хабарҳо
Баррасии нақш ва мақоми назорати давлатии молиявӣ
Санаи 14 апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизия семинари илмӣ-методӣ бо иштироки устодони факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзуи “Нақш ва мақоми назорати давлатии молиявӣ дар идоракунии молияи давлатӣ: ҳолати имрӯза, проблемаҳо ва дурнамо” бо курсҳои 3-юми ихтисоси аудит ва ревизия гузаронида шуд.
Сараввал семинарро декани факултет Ғафуров Ғ.С. ҳусни оғоз бахшида, саҳми кафедраро дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аудит ва ревизия бо роҳи ташкил ва баргузор намудани чунин намуди чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ назаррас ҳисобид.
Баъдан Абдулхайров Фахриддин дар бораи паҳлуҳои гуногуни назорати давлатии молиявӣ, ҳолати имрӯза, проблемаҳо ва дурнамои рушди он андешаҳояшро иброз дошт. Қайд карда шуд, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти асосии назорати давлатии молиявӣ, ки барои дурнамои рушди минбаъдаи он таъсиррасон дар сатҳи лозимӣ риоя нагардидани меъёрҳои касбӣ маҳсуб меёбад. Дурнамои рушди назорати давлатии молиявиро бошад, Абдулхайров Ф.М. аз коркард ва истифодаи методологияи мукаммали миллӣ, ки метавонад дар ҳама шароит барои ташкил ва гузаронидани назорати баландсифат мусоидат намояд, вобаста медонад.
Дар қисмати ҷамъбастии семинар устодон ва донишҷӯён ба Абдулхайров Ф.М. оид ба мавзуи матраҳшуда саволҳо пешниҳод намуданд ва ба он посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, семинари илмӣ-методӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ-методӣ ва илмӣ гузаронида шуда, мавзуи баррасишаванда бо истифодаи маълумоти асосноккардашудаи илмӣ ва мисолҳои мушаххаси амалӣ матраҳ гардид.