Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Коррупсия эътимоди мардумро коста мегардонад

Коррупсия эътимоди мардумро коста мегардонад

Дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт пайваста оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» бо намояндагони мақомоти дахлдор вохӯриҳо мегузаронад. Чунин як вохӯрии судманд рӯзи 15-уми апрели соли равон бо иштироки нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани адлия, Собирҷон Давлатзода дар мавзуи “Муқовимат бо коррупсия-омили асосии рушди ҷомеа” баргузор гардид. 
Намояндаи раёсат дар баромади худ қайд намуд, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Махсусан коррупсия дар соҳаи маориф эътимоди мардумро коста мегардонад, гуфт баромадкунанда. 
Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Инчунин С. Давлатзода қайд намуд, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади мутобиқ гардонидан ба меъёрҳои зиддикоррупсионии ҷаҳонӣ пешниҳод ва қабул гардидаанд, ки барои дар оянда решакан намудани амалҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳанд кард. 
Дар охир декани факултет С.Темурбекова аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда афзуд, ки “фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бетараф набошад” ва мо донишҷӯёну устодони донишгоҳ низ дар ин ҷода бетараф набудем ва нахоҳем буд. 


Тағоймурод Эшзода