Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ифтитоҳи озмоишгоҳи таълимию таҷрибавӣ

Ифтитоҳи озмоишгоҳи таълимию таҷрибавӣ

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тавсеаи равандҳои рақамикунонии соҳаи маориф ва амалисозии Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон лоиҳаи грантии махсусро татбиқ карда истодааст. Лоиҳаи грантии махсус дар заминаи консорсиуми байналхалқӣ татбиқ карда мешавад, ки ба он донишгоҳҳои Германия, Словения, Украина ва Тоҷикистон шомил мебошанд.
Лоиҳаи грантӣ «Рақамикунонии иқтисодиёт - ҳамчун омили рушди устувори Украина ва Тоҷикистон» ном дошта, аз ҷониби бунёди Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, барои магистрони равияи иқтисодиёти рақамӣ нигаронида шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур то ба имрӯз 13 барномаи корӣ ва 13 курси лексияҳо аз фанҳои алоҳида таҳия гардида, ба таври пилотӣ ба нақшаҳои таълимии магистрон ворид карда шудааст.
Ҳамчунин, дар рафти татбиқи лоиҳа 36 нафар устоди донишгоҳ аз курсҳои такмили иҳтисоси донишгоҳҳои хориҷӣ гузаронида шуда, магистрону донишҷӯён бо принсипҳои асосии ташкили таҳсилоти инклюзивӣ ошноӣ пайдо карданд.


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Имрӯз, 16 апрел бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода ва ҳамоҳангсозону иштирокчиёни лоиҳа озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии «Иқтисодиёти рақамӣ» ифтитоҳ карда шуд, ки бо таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионӣ ва дастгоҳҳои сабти видео ва аудиолексияҳо муҷаҳҳаз мебошад. Қобили қайд аст, ки озмоишгоҳ бо тарҳи замонавӣ таъсис дода шуда, аз нигоҳи технологӣ ва методӣ маркази мукаммали таълимию таҷрибавӣ ба ҳисоб меравад.
Таъсиси озмоишгоҳи мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видеолексияҳо суръат бахшида шуда, дар ояндаи наздик дар раванди таълим ҷорӣ карда шавад. Дар баробари ин, таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки аз ҷониби магистрон таҳқиқотҳои илмии сатҳи мубрам, аз он ҷумла бо таъсиси гурӯҳҳои илмӣ ташкил ва амалӣ карда шавад.


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси татбиқи лоиҳаҳои дигари грантӣ дар донишгоҳ бизнес-инкубатор, студияи телевизионӣ ва якчанд синфхонаҳои махсуси иртиботи маҷозӣ таъсис дода шуда, базаи моддию техникии раванди таълим такмил меёбад. Илова бар ин, аз ҳисоби лоиҳаҳои грантӣ устодони донишгоҳ ба муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷи кишвар сафарҳои омӯзишӣ анҷом дода, аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд.


Тағоймурод Эшзода