Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии натоиҷи пажӯҳишҳои илмӣ

Баррасии натоиҷи пажӯҳишҳои илмӣ

Дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ рӯзи 18 апрели соли равон конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо иштироки васеи омӯзгорону муҳаққиқон, донишҷӯён ва меҳмонон - намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Юнусов ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Бекова баргузор гардид. 
Ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, афзуд, ки Ҳафтаи илм дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳадаф аз баргузории конфронсҳои апрелӣ ин ҷамъоварии пешниҳодҳои илман асосноки ҳар як муҳаққиқ дар асоси корҳои тадқиқотӣ барои вазорату муассисаҳои дахлдор мебошад. Бинобар ин, аз олимону муҳаққиқон даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақолаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси илмӣ дар конфронс баромад кунанд. 
Вобаста ба мавзуъҳои баррасишаванда дар қисмати ифтитоҳии конфронс, ки мавзуъҳои мубрами рӯзанд, ректор ибрози андеша намуда, гуфт, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад ва барои амалишавии онҳо тадбирҳои оқилона андешида мешаванд. Эълон намудани мораторий ба фаъолияти соҳибкорӣ дар муддати як сол аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки барои рушди соҳа ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон пеш гирифта шудааст. 
Мавсуф барои бо илм пайваст намудани истеҳсолот ва аз натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ истифода бурдан гуфта гузашта, таъкид кард, ки аксарияти маърузаҳои ба конфронс пешниҳодгардида ба мавзуъҳои самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд ва боварӣ ҳаст, ки аз натиҷаи ин тадқиқотҳо ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор пешниҳодҳои асосноки илмии мушаххас карда мешавад, гуфт ректор. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Баъдан, маърузаи профессори кафедраи менеҷменти донишгоҳ Мирсаидов А.А. дар мавзуи «Тамоюли вазъи таъмини амнияти озуқавории мамлакат» шунида шуд. Баромадкунанда дар бораи вазъи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон истода гузашта, бобати худтаъминкунии баъзе мамлакатҳо ба таври муқоиса мисолҳо овард, ки дар ин самт Тоҷикистон 39,5 фоизро ташкил медиҳад ва ин рақам нокифоя маҳсуб меёбад, зеро ҳиссаи маҳсулоти озуқавории воридшаванда зиёд буда, 60%-ро ташкил медиҳад, гуфт профессор. 
А.Мирсаидов вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ бароҳандозии тадбирҳои зерин - ба мисли васеъ истифода бурдани технологияҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ, корхонаҳои саноатии коркарди онҳо, дар ин замина ташаккули занҷири ҳамкорӣ байни доираҳои КАС; истифодаи самараноки захираҳои обу замин, ташкили марказҳои машваратдиҳию маркетингӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо роҳи машваратдиҳӣ оид ба кишти зироатҳои кишоварзӣ ва кумак расондан дар раванди фурӯши маҳсулотро пешниҳод намуд. Дар баробари ин, вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат таъсиси корхонаҳои саноати коркард дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо дарназардошти хусусиятҳои молии истеҳсолоти кишоварзиро яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти таъмини амнияти озуқавории кишвар донист. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Профессор дар идома сармоягузориро ба киштзор бо мақсади беҳтаргардонӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин на танҳо омили асосии баланд бардоштани самаранокии заминистифодабарӣ, инчунин, воситаи асосӣ дар низоми усулҳои иқтисодии идораи захираҳои замин ва афзунгардии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ донист. 
Маърузаи н.и.и., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Фирӯз Қодиров ба мавзуи «Саноатикунонии рақобатнок: масъалаҳои мубрам ва дурнамои татбиқи он» бахшида шуда буд. Мавсуф асосан дар бораи мушкилоти ҷоринамоии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат сухан ронда, набудани рақобатпазириро дар саноатикунонӣ, инноватсияҳои корпоративӣ, комплексҳои бузурги саноатӣ ва нарасидани захираҳои худӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, нокифоя будани робитаи байни илм ва истеҳсолотро мушкилоти асосӣ донист. 
Ф.Қодиров дурнамои татбиқи саноатикунонии рақобатнокро дар мукаммалгардонии институтҳо ва сиёсати саноатӣ, якҷояшавии истеҳсолот, истеҳсолоти сарфакорона, малакаи кормандон, идоракунии умумии сифат, рушди захираҳои инсонӣ, инноватсияҳо ва рушди технологӣ, истеҳсолоти устувор маънидод кард. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Сипас Ш. Исмаилов, Ф. Насриддинов, И. Юнусов, Х. Давлатов, Б. Сафаров ба музокира баромада, дар атрофи мавзуъҳои баррасишуда фикру ақоиди хешро иброз дошта, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди саноатикунонии мамлакат таҳияи модели миллиро зарур шумориданд, ки дар он манфиатҳои миллӣ ва вазъи имрӯзаи иқтисодиёти кишвар ба инобат гирифта шавад. 
Конфронс баъдан дар бахшҳои молия, иқтисод ва қарз; фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт; муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ; иқтисод ва бизнес; менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ; ҳисобдорӣ ва омор; фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва мудофиаи гражданӣ; фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо идома меёбад. 
Кори ҳамоиши илмӣ то рӯзи 23 апрел давом меёбад ва дар он омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён бо маърузаҳои худ баромад мекунанд. 


Машҳура Абдуллоева