Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши С. Айнӣ дар тамаддуни тоҷик

Нақши С. Айнӣ дар тамаддуни тоҷик

Дар толори таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 16-уми апрели соли равон бо ибтикори раёсати тарбияи донишгоҳ бо иштироки доираи васеи устодон ва донишҷӯён ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот Асадулло Муллоҷонов дар бораи ҷанбаҳои таърихии осори устод Айнӣ суханронӣ намуд. Ҳангоми баромад А Муллоҷонов қайд кард, ки Садриддин Айнӣ дар баробари забону адабиёт ба масъалаҳои таърихӣ низ рӯ оварда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ду очерки таърихӣ-тадқиқотии «Исёни Муқаннаъ» ва «Темурмалик»-ро таълиф намудааст. Ин асарҳои устод дар он замон агар, аз як тараф, барои бар зидди истилогарони фашизм бархезонидани мардум нақши калидӣ бозида бошад, аз ҷониби дигар, тараннуми чеҳраи таърихии аҷдодиро зинда намудааст. Китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» бошад, дар бораи вазъи ҳамон давра маълумотҳои ҷолиб медиҳад. 
Ҳамчунон баромадкунанда дар бораи нақши «Намунаи адабиёти тоҷик» дар худогоҳӣ ва худшиносии миллати тоҷик қайд намуда, иброз дошт, ки чопи ин китоб дар соли 1926 дар шаҳри Москва зарбае буд ба зидди пантуркизм, ки дар он замон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҷойгоҳи муҳим доштанд. 
Дар охир сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода аз баргузории чунин як чорабинии муҳим изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуд, ки дар замони имрӯза вазифаи ҷонии ҷавонон, бахусус донишҷӯён аз он иборат аст, ки тамоми асарҳои устод Айниро бихонанд ва ин навиштаҳоро дар зиндагии рӯзмарра баҳри камолоти маънавӣ истифода баранд. 


Тағоймурод Эшзода