Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вокуниши донишҷӯён бар зидди нашъамандӣ

Вокуниши донишҷӯён бар зидди нашъамандӣ

Имрӯз 19-уми апрели соли равон дар толори таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес баргузор гардид. 
Нахуст декани факултети иқтисод ва биснес Бобоҷон Сатторов сухан гуфта, мубраммияти мавзуи нашъаву нашъамандиро дар ҷомеаи имрӯза махсус қайд намуд. Ӯ гуфт, ки донишҷӯёни факултети мо чун дигар аъзоёни ҷомеа дар роҳи пешгирӣ аз ин вабои аср, олудасозии мафкураи ҷавонон ба одатҳои номатлуб, аз қабили нашъамандӣ ҳеҷ вақт дар канор набуданд. 
Пасон Эмомалӣ Баротзода, корманди Агентии мазкур баромад карда, дар бораи самтҳои асосии мубориза бар зидди ҷиноятҳои мансуб ба нашъамандӣ, стратегияҳои миллии мубориза бо нашъамандӣ сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 4556 нафар мубталои нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 100 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар мақомоти тафтишотӣ аз аввали сол то имрӯз нисбати 30 нафар нашъамандону нашъаҷаллобон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Нуқтаи дигар ин аст, ки инсонҳое аз нашъа бештар истифода мебаранд, ақли заиф дошта, саломатиашонро аз даст медиҳанд. 
Дар идома Суруши Доробӣ, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сухан баромада, дар бораи одобу ахлоқи ҷовонон, ояндасозӣ ва нақшаҳои дурнамои ҷавонон ақидаҳои хешро баён намуд. 
Дар охири вохӯрӣ сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода дар бораи интизоми ҷавонон, дастгирии ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва тақвияти масъулиятдории онҳо изҳори ақида намуд. 


Тағоймурод Эшзода