Хабарҳо
Баррасии вазъи соҳибкории истеҳсолӣ
«Таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аз фаъолияти босамари соҳибкорони ватанӣ вобаста аст. Рушди соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба шумор меравад.
Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон аз он ҷумла соҳибкорони истеҳсолӣ, ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт амалӣ менамояд».
Ин нуктаро устоди кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Бахтиёр Давлатов дар маҳфили “Муҳаққиқи ҷавон” зимни маърузаи худ дар мавзуи “Дастгирии субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ” иброз намуд. Номбурда ҳангоми баромад қайд намуд,ки бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ барои санҷишҳои мақомоти гуногун мораторий эълон гардида, як қатор имтиёзҳои андозӣ низ ҷорӣ карда шудаанд, ки он соҳибкоронро барои фаъолияти пурсамар ҳавасманд мегардонад.
Гуфта шуд, ки дар доираи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ шумораи иҷозатҳо аз 605 то 74 номгӯй кам гардида, дар ин замина дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба корхонаҳои саноатӣ, паст кардани арзиши аслӣ ва рақобатпазир намудани маҳсулоти истеҳсолшаванда, ки имконияти воридотивазкунӣ доранд ва дар маҷмуъ барои пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ 60 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудааст.
Бинобар ин, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда истодааст, гуфт баромадкунанда.
Дар интиҳои маҳфил устодон ва донишҷӯён дар бораи мавзуи баррасишуда фикру ақида ва пешниҳодҳои муфид баён намуданд.
Тағоймурод Эшзода