Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ ҷиҳати ташаккули маърифати оиладорӣ

Вохӯрӣ ҷиҳати ташаккули маърифати оиладорӣ

Тибқи ҷадвали баргузории дарсҳои сиёсии тарбиявӣ доир ба мавзуъҳои актуалии ҳаёти ҷавонон дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ дар мавзуи «Таваҷҷуҳ ба масъалаи ташаккули мавқеи занон дар Тоҷикистон, моҳияту хусусияти сиёсати гендерӣ ва мутобиқсозии он ба ҳувияту менталитети миллӣ» 19-уми апрели соли равон дар донишгоҳ бо иштироки донишҷӯдухтарони курси якуми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ҷамъомад доир гардид. Дар ҳамоиш Зарина Зуҳурова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар шаҳри Душанбе, Шаҳло Ҳасанзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино ва Гулчеҳра Раҳмонова, сардори сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино иштирок ва баромад намуданд. 
Сараввал муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунавша Қодирова баромад карда, гуфт, ки имрӯзҳо занон дар соҳаҳои гуногуни кишвар аз худ масъулият ва фаъолияти бештар нишон медиҳанд. Ин аст, ки сафи бонувони соҳибкор ва роҳбар дар кишвар зиёд гардидааст. Воқеан ҳам, истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқ гузошт. Занону бонувон ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ, вазифаи роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Зарина Зуҳурова, Шаҳло Ҳасанзода, Гулчеҳра Раҳмонова ва Тахмина Умаралиева бошанд, дар тақвияти гуфтаҳои боло иброз доштанд, ки аз аввал инсон ҳамчун мавҷуди дорои фикр, андеша ва хираду тафаккур арзи вуҷуд кардааст, тарбияи одобу ахлоқ яке аз мавзуъҳои муҳими ӯ будаанд ва ин табиист, зеро таълиму тарбия дар руҳияи одобу ахлоқи нек муҳимтарин омили саодату камоли одамӣ ва ҷомеаи инсонист. Дар тамаддуни башарӣ назари халқи тоҷик бисёр намоён аст ва бузургонаш қисматҳои бузурги осори худро ба панду насиҳат дар боби ростӣ ва дурустӣ, некуӣ ва накукорӣ, адлу инсоф, беозорӣ,эҳсон ва мурувват, дӯстию рафоқат, ҳифзи обрӯй ва мавқеи инсон бахшидаанд. 
Ҳамчунин баромадкунандагон дар мавриди ҷудошавии оилаҳои ҷавон андешаҳояшонро қайд намуда, бо таассуф иброз доштанд, ки танҳо дар се моҳи аввали соли равон дар шаҳри Душанбе бо ҳукми суд 617 оила аз ҳам ҷудо шуда, 649 наврас аз тарбия дар канор мондааст. Сабабҳои ин ҳама ноҷуриҳоро онҳо дар интихоби нодурусти ҳамсари оянда, дахолати хусуру хушдоман ва истифодаи бемайлону бемақсади компютеру телефонҳо арзёбӣ намуданд. 
Дар баробари ин дар баромадҳо дар бораи фарҳанги либоспӯшии духтарон ва риояи он аз тарафи донишҷӯдухтарон, эҳтироми калонсолон, ҳушёрии сиёсӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳо иброз гардиданд. 
Баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ барои донишҷӯдухтарон бисёр муфид буда, барои ташаккули маърифати оиладорӣ ва омодашавӣ барои ҳаёти мустақилона мусоидат менамояд. 


Тағоймурод Эшзода